ТЕМУРМАЛИК. Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти С.Раҳимов, Кушктеппа ва Танобчии ноҳияи Темурмалик Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи Ёдоварӣ” дар оромгоҳҳои ҳудуди ҷамоатҳои болозикр бо иштироки 360 нафар, имомхатибон, раисони маҳаллаву деҳотҳо атроф ва дохили оромгоҳҳо ҳудуди 450 метр аз алафҳои бегона тоза карда шуда, 15 адад ниҳолҳои сояфкан шинонида шуд.