БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Гаравиши ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротиро бояд пешгири намуд

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фаровон-Қӯрғонтеппа» тибқи нақша  чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар муовини раис–мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Раҷабализода Парвиз ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Асадуллозода Ватан иштирок ва андешаронӣ карданд.

Дар ин маҷлис Асадуллозода Ватан оид ба пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди ҳурофотпарастӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти  инсон  дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд. Мутаассифона, терроризму экстремизм  дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсад маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро  бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишвари ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.

Сипас, масъулин дар идома оид ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалику Данғараи вилояти Хатлонро шарҳу тавзеҳ дода, ҷамъомадагонро  ба анҷоми корҳои хайру сахо дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg