БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ҷонибдоранд

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев бо сокинони деҳаи мазкур бо иштироки и.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф оид ба баррасии семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон вазифагузориҳо дар самти кишти такрори ва рӯёнидани ду ё се ҳосил аз заминҳои  обӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон доир гардид, ба ҷамъомадагон расонида шуд.  Дар идомаи суҳбат таъкид карда шуд, ки чорвои шахсӣ ва ҳам давлатиро бо хӯрокҳои концентратӣ ва серғизо таъмин намуда, аз зимистони солҳои 2018 ва 2019 беталаф бароранд, ки дар шароитҳои ноҳияҳои куҳистони Балҷувон, Ховалинг, Темурмалик, Муъминобод, Ш. Шоҳин имкониятҳои ҷамъоварии алафҳои табиӣ ва коҳу поя, ҷантоқу ширинбияҳо мавҷуданд. Иштирокдорон суханрониҳои судманди  Мирзоев Исуфро якдилона ҷонибдорӣ карда, афзуданд, ки  ҳар як дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро мо мардуми шарафманди тоҷик дар амал татбиқ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg