АНДЕША. Инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунанд.
Тавассути ақли бузургаш инсон муҳитро тозаву озода нигоҳ медорад, аз ифлосиву нопокиҳо эмин мегардонад. Покии ҳар як гӯшаву канор, молу амвол, чизу чора ва оилаҳову фарзандони солим маҳз ба инсоният вобастагӣ дорад.
Тозагӣ, ки зери ин истилоҳ кулли мавҷудоти ҳастӣ дониста мешавад, ба инсон вобастагӣ дорад. Ҳамаи инсонҳо чӣ марду чӣ зан, чӣ кӯдакону чӣ ҷавонон вазифадоранд, тозагиро ҳамчун воқеияти аввалиндараҷа, қарзи асосии инсониашон шумурда, ҷомеа, маҳал, оилаи хешро ҳамеша тозаву озода нигаҳдор бошанд.
Ба андешаи ман шуставу истифода кардани меваву сабзавот, тоза нигоҳ доштани амволи хона низ муҳитро озода мегардонад. Нафас гирифтани ҳавои хубу дилкаш мояи тансиҳатии ҳамаи аҳли хонадон мегардад. Аз ҳар гарду ғубор, нопокию ифлосӣ ва аз ҳар нафас ҳавое, ки мегирем, бояд покию тозагӣ хост. Тансиҳатии ҳар як инсон аз хурд то бузург ба муҳити иҳотакарда вобастагӣ дорад.
Хулоса, гарави тансиҳатии ҳар як инсон тозагии ӯст. Бисёр мебояд кӯшид, то ҳамаи ҳастии ҳаётро пок дошт. Аммо барои ин бояд ҳалолкору покизакирдор ва созишкору дӯстдори муҳити хеш буд. Дар Ватани азизамон бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бисёр корҳои созандагиву ободкорӣ, бунёдкориву хуррамгардонӣ дар ҳамаи гӯшаву канори диёрамон бо маром идома дорад. Ва моро мебояд ба қадри ин ободкориҳо бо тозаву сариштакории хеш бирасему шукронаи ин сарзамини биҳиштосоямон намоем.
Пок дор аз ҳар ғубор оинаат! Гуфтаанд, ки ҳақу барҷост. Агар мехоҳем, ки зиндагии осоишта, рӯзгори обод, фарзандони солимфикру тансиҳат дошта бошем, пас моро лозим меояд, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори ҳаёти бофароғати хеш бошем..
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ