БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР ҚУБОДИЁН

ҚУБОДИЁН. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён якҷоя бо ташкилоти ибтидоии «И. Сомонӣ» оид ба тоза намудани дохил ва атрофи Оромгоҳҳо аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобуддин ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.  Дар ин рӯз беш аз 129 нафар сокин, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳи маҳаллаҳои “И. Сомонӣ” ва “Мирзо Турсунзода” -и Ҷамаоти шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён барои тоза намудани гирду атрофи ин оромгоҳ баромада, саҳми арзандаи худро гузоштанд. Ёдовар мешавем, ки ин чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ноҳия ташкил ва гузаронида мешавад

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg