ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар доираи аксияи ҳизбии "Ятимону ниёзмадон ҳамеша зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!" бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Б. Қодирова бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон ба ду нафар кӯдакони сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз оилаи ниёзманд Раҷабов Фаррухи 6-сола ва Некрӯзи 8-сола кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои неку созанда дар оянда низ идома дошта, шахсони ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор мегиранд.