ДӮСТӢ. Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб, ва бо ин васила муайян кардани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, дар доираи амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони "Шаҳодатномаи ҳизбӣ- ифтихори ман" масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи марказӣ" дидан намуданд.
Дар вохӯрии мазкур ба масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи марказӣ" оид ба дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ ва тарзи ҳуҷҷатгузорӣ фаҳмонида шуд.