БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АКСИЯИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” –РО ДАСТГИРӢ КАРДАНД

ВОСЕЪ. Дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов Амалиёти умумиивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар аксияҳои мазкур бошандагони деҳаву маҳаллаҳо, пирони рӯзгордида, имомхатибон ва ҷавонон ҷалб карда шуданд.

Қабл аз баргузории чорабинӣ овезаи Амалиёти умумиивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ”  насб гардида, ба иштирокчиён дар бораи аксияи ҳизбӣ маълумот дода шуд. Мардуми ҷамъомада аз баргузории ин ҳашари дастаҷамъӣ, ки ба манфиати худи онҳо мебошад,  изҳори сипос баён намуда, ба корҳои ободонӣ аз ҷумла тоза кардани алафҳои бегона, рост кардани симтурҳо, об додани дарахтон ва кашонидани хошокҳо машғул шуданд.

Дар ҳамаи оромгоҳҳои деҳаҳои ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов наздики 300 нафар шаҳрвандон ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки охири ҳар моҳ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Восеъ бо иштироки мутасаддиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдор Амалиёти умумиивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” ташкил ва гузаронида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg