БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНУ НАВРАСОНРО ХУДШИНОС БА ВОЯ РАСОНЕМ

АНДЕША.  Тарбияи насли наврас дар замони муосир амали хеле мушкил ва заҳматталаб буда, аз падару модар, муҳити хонаводагӣ, мактаб ва ҷомеа назорату таваҷҷуҳи доимиро тақозо менамояд. Воқеан наврасону ҷавононро тавре тарбия кард, ки аз ҳама ҷиҳат боодобу бофазилат ва намунаи ибрати якдигар бошанд.

Аз ин рӯ маҳз падару модар дар оила вазифадоранд, ки ба рафтору кирдор ва гуфтори фарзанд таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, дар куҷо ба чӣ кор машѓул будани фарзандашро ҳамеша донанд ва дар хусуси бо кӣ ҳамсуҳбату ҳамнишин буданашон низ маълумот дошта бошанд.  Ҳар як падару модар дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифадоранд, ки бояд барои ҳозиршавии фарзанд ба мактаб ва таъмини шароити мусоид барои илмомӯзии фарзанд диққати махсусро равона созад. Албатта нақши устодону омӯзгорон дар таълиму тарбия ва саводнок гардидани хонандагон басо бузург аст, вале рисолати падару модар низ дар ин ҷода на камтар аз мактабу муаллимон мебошад.

Чун солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуда буд, зарур аст, ки оила, мактаб ва ҷомеа барои соҳибкасб гардидани насли наврасу ҷавон заҳмати шабонарӯзӣ кашанд, зеро ҳунарҳои миллию аҷдодиамонро ба насли оянда хубу босифат биомӯзонем, то ки аз фарҳанги бою ѓании миллати соҳибтамаддуни худ огоҳ бошанд.

Дар ин замина кӯшиш ба харҷ диҳем, ки фарзандонамон хушсухану хушрафтор, дорои ахлоқи ҳамида, ватандӯсту худшинос ба камол расанду дар оянда номбардори номи падару модар ва давлату миллати хеш гарданд.

Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва

 занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш               

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg