БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША.  Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ гардид.

Дар як давраи шадиди муқовиматҳои сиёсӣ Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 24-уми августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Оғози вопасини ин давлати ҷавон аз моҳи августи соли 1991  шуруъ шуд. Худи ҳамон рӯзи таърихӣ, яъне 9-уми сентябри соли 1991тағйиру иловаҳои марбута ба Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд ва вақеияти истиқлоли Тоҷикистонро ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида, ба он аз нигоҳи ҳуқуқӣ хусусияти баргаштнопазир дода шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қайд намуда буданд, ки «Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст».

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзӣ ҳастӣ намуда, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Истиқлолияти Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Салимова Сабоҳат,   мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва

      занони КИ ҲХДТ дар н.Вахш                                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg