
ВАХШ. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сабоҳат Салимова дарси навбатии курси омӯзишӣ барои аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор карда шуд.
Мавзуи дарси навбатии курси мазкур «Дурнамои рушди иқтисоди кишвар- имкониятҳо ва захираҳои мавҷуда» буда, дар рафти баргузории дарси навбатӣ атрофи мавзуи мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сабоҳат Салимова ба шунавандагон маълумотҳои заруриро пешниҳод намуд.