
БАЛҶУВОН. Баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ бахшида ба таҷлили сазовори 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон шоири ширинкалом устод Мирзо Турсунзода дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Конференсияи илмӣ- амалӣ дар сатҳи баланд бо иштироки раиси ноҳия Ҷалилзода Шералӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва хонандагони синфҳои болоии ду муассисаи таълимии маркази ноҳия Муассисаи таълимии №1 ва Гимназияи давлатии ба номи Санг Одина иштироки фаъолона намуда, аз ин Конференсия иштирокчиён ғизои маънавию илмӣ гирифта, бори дигар аз тарҷумаи ҳол ва ашъори пурғановати шоир ошноӣ пайдо намуданд.