БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ТАЪСИРГУЗОР АСТ!

 

АНДЕША. Муосиртарин падидае, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта мардуми мо мушарраф гардид, ин Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бо шарофати он Тоҷикистон роҳи минбаъдаи рушди хоҷагии халқи мамлакатро муайян намуда, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ватану давлатдор будани халқи тоҷик огаҳӣ ёфт. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ асосҳои сохтори кониститутсионӣ дар кишвар такмил ёфта, тайи 30 соли мавҷудияти давлат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба нишондодҳои назаррас ноил гардиданд. Рӯз аз рӯз сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтару хубтар шуда, назари аҳолӣ ба истиқлолхоҳию  сатҳи худшиносии миллӣ ҳамаҷониба  рушд ёфт.

Воқеан давлатдории муосирро бе ҳамкории байнидавлатӣ ва дарёфти шарикони рушд тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ин муддат кишвари мо дар доираи сиёсати дарҳои кушода бо зиёда аз 180 кишвари дунё  ҳамкориҳои судманди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангиро ба роҳ монда, дар ин замина бобати пурра сохтану  ба замони муосир мутобиқ намудани сиёсату воридоти техникию технологияҳои гуногуни истеҳсоли маҳсулот гомҳои устувор гузошт.

Имрӯз истеҳсолоту маҳсулоти ватанӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат барои фурӯш ба мизоҷон пешниҳод гардида, кишвари моро миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ месозад.

Ин имкон медиҳад, ки сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ҷалб гардида, дар як вақт барои рушди иқтисодиёти миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам мешавад.

Тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронӣ қайд менамоянд, ҳоло ҳам истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ зарурат бар рушду коркард доранд ва воридоти технологияи навтарину коркарди маҳсулоти хом дар кишвар дар масъалаи рушди иқтисоди миллӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ  ва дар маҷмуъ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум таъсиргузор хоҳад буд. Ҳамин буд, ки дар доираи дастгирии давлатии соҳибкории  хурду миёна воридоти технологияи навтарин ба кишварамон аз пардохтҳои давлатӣ озод шуда, соҳибкорони ватанӣ бо шавқмандӣ ва ҳисси баланди масъулияти ватансозӣ дар ин масир гомҳои устувор мегузоранд.

Танҳо дар ростои таҷлили сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҳазорҳо ҳамватанонамон бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин гардиданд.

Ин ҳама рӯйдодҳои таърихӣ бо башорати соҳибистиқлолӣ ва иродаи қавии мардуми Тоҷикистон, инчунин дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар рӯи даст омада, рӯз аз рӯз мардуми моро ба сӯи рӯзгори босаодат раҳнамун месозад. 

Ба қадри ин ҳама  дастовардҳою пешрафтҳои даврони соҳибистиқлолӣ расидан барои ҳар як фарди ватандӯсту комилҳуқуқ вазифа ва масъулияти бузурги давлатсозист.

Асаколов Алиҷон, муовини  раиси КИ ХҲДТ дар н.Ш.Шоҳин                                           

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg