БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМНУ ОСОИШТАГИИ ДАВЛАТ АЗ САРҲАД ВОБАСТАГИИ КАЛОН ДОРАД

Ш. ШОҲИН. Аз таъсиси Рӯзи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол пур шуд. Гузашти 27 сол барои таърих муддати андак аст, вале дар ин муддат фарзандони шӯҷои Ватан барои якпорчагию тамомияти арзии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сангарҳо ва ҳимояи марзи давлатӣ ҷоннисориҳои хеле бузург карданд. Муҳим аз ҳама дар кишвари маҳбубамон сулҳу дӯстӣ, якдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ ҳукумфармост ва бешак ҳамаи ин ба фидокорию ҷоннисориҳои фарзандони ин марзу бум дар масири давлатдорию давлатсозии навин пайваст хоҳад буд.

Воқеан Точикистон Ватани ҳамаи мост ва дар ҳифзи марзу буми он ҳар як шаҳрванди кишвар аз хурд то бузург масъулият дорад.

Дар робита ба ин кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз қисми низомии 0308-и Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дидан намуда афсарону сарбозонро бо 27-солагии Рӯзи таъсисёбии Қушунҳои сарҳадӣ тарбрик гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg