БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАСБУ ҲУНАР МОЯИ ИФТИХОР

ҶАЙҲУН. Дирӯз бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун доир ба мавзӯъи омӯхтани касбу ҳунар, бо таълимгирандагонӣ муассисаи давлатии литсейи касбии техникии №34 суҳбату вохӯрӣ доир гардид. 

Дар вохӯрии мазкур мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон баромад намуда, зимни суханронии хеш қайд намуд, ки дар замони муосир барои интихоби касбу ҳунари ҷавонон тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Бояд ҳар як инсони комилфикр касбу ҳунареро интихоб намояд, ки ба манфиати худ ва ҷамъият бошад. Бахусус, имрӯзҳо, дар ҷумҳурӣ талабот ба касбу кори гуногун, ки барои пешрафти ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зарур аст, бидуни шарҳ муайян шудааст.

Бояд имрӯз мо донем ва дарк намоем, ки интихоби дурусти касб метавонад ояндаро пешбинӣ карда, мутахассисро дар ҷомеаи имрӯзаи мо сазовори иззату эҳтирому обрӯ гардонида, дар ҳаёти инсон зиндагии хушу ширин ва муваффақиятҳои зиёде меоварад.

Як нуқтаи муҳимро бояд фаромӯш накунем, ки интихоби дурусти касб инсонро ба комёбиҳои бузург оварда мерасонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg