БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи асосии Паём-беҳбудии рӯзгори халқ

А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва аксарияти ташкилотҳои ҳизбии қаламрави ноҳия  барои амалӣ кардани сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳои мавҷуда ва кӯшишу ғайраташонро сафарбар карда истодаанд.

Мутобиқи дастуру супоришҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло  Қурбоналӣ, оид ба  самтҳои асосии  фаъолияти Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру  ноҳияҳои он, аз ҷониби  роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ дар маҳаллаи  Шерободи ҷамоати  деҳоти Дӯстӣ  вохӯриву суҳбатҳоро бо ишироки кишрҳои гуногуни маҳаллаи мазкур баргузор намуданд.

Роҳбари  гурӯҳи корӣ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов  ба  сокинони  маҳалла изҳор дошт, ки пеш аз ҳама  мақсади ташрифи гурӯҳи кории ҳизбӣ дидорбинӣ  буда,  дар  баробари  ин дастуру  супоришҳое, ки  аз  мақомотҳои  болоии  ҳизбианд  ба  шумо расонидану дар якҷоягӣ  аз  паи  татбиқи  он  мебошад.

Ҳамчунон мавсуф ибрози ақида намуда зикр кард, ки дар воқеъ, Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2017 барои ҷомеа ва дар алоҳидагӣ, барои ҳар яки мо роҳнамоест дар самти созандагиву бунёдкорӣ ва бо инобати ин Пешвои миллат соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон  доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg