
ХУРОСОН. Дар доираи амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони «Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман» ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» ҷиҳати бартараф кардани камбудиву норасоӣ дар ҳуҷҷатнигории дохилиҳизбӣ ва эътибори ҷиддӣ додан ба сатҳу сифати аъзои ҳизб бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор суҳбат доир гардид.
Дар мулоқот як қатор масъалаҳо дида баромада шуда, намояндаи Кумитаи иҷроия дар бораи бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул дастур дод.