БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАН ОЛИҲАИ ЗИНДАГӢ ВА ХУШБАХТИИ ҲАЁТИ МОСТ

АНДЕША. Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.

Агар дар бобати бузургии зан ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо ва солҳо сухан гӯем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳия такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз олимону уламо, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерӯмандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз зан ба дунё омаданду дар домони ӯ парвариш ёфтаанд.

Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокишавии зан аҳмияти хоса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад.ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбия ёбанд. Ин талаботи асосии фарҳангии оиладориро ташкил медиҳад.

Чуноне, ки дар урфият мегӯянд. Офаридагор накҳат аз гӯл, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, қаҳр аз абрӯ борандагӣ, вафодорӣ аз кӯҳ, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳони аз андалебро қатра-қатра ҷамъ овардаву занро офаридааст то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.

Солеҳов Фаррух, мудири шуъбаи кор бо ҷавон ва занон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg