БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти тарбияи насли ҷавон фаротар аз як ҳизби сиёсист!

ФАРХОР. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардии ҷамоати деҳоти Зафар суҳбат намуданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ пеш аз ҳама тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, рӯ овардан ба илмомӯзӣ, огоҳ намудани насли ҷавону ояндасоз аз хатарҳои терроризму экстремизм ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ арзёби карда шуд.

 Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба ҷавонон муроҷиат карда таъкид намуданд, ки дар партави ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баҳои хубу аъло хонда дар оянда мутахассисони варзида шуда ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg