
КӮЛОБ. Волонтёрон - азъои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, дар тозаю озода намудани Сойи маҳаллаи “С.Даминзода” - и шаҳр ёрии амалии худро расониданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ниҳияҳои вилояти Хатлон минбаъд низ чунин тадбиру иқдомҳои нек идома ёфта, ба ин васила ҳизбиён ёрии амалии хешро дар баратараф намудани оқибатҳои офати табиӣ мегузоранд.