КӮЛОБ. Бо иштроки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода ва бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар оромгоҳи ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” доир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки чунин ҳашарҳо дар оромгоҳҳои маҳаллаҳои Ҳилоли Аҳмар, ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб, Зиракӣ ва Даҳанаи шаҳри Кӯлоб тибқи нақша роҳандозӣ гардида, оромгоҳҳои болозикр аз ҳар гуна алафҳои худрӯй тозаю озода карда шуда, алафу сабзаҳо барои захира ба шахсони ниёзманд барои хӯроки чорво дастрас карда шуд.