
КӮЛОБ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода аз маҳаллаҳои аз офати табиӣ осебдидаи шаҳр дидан намуда, бо сокинони маҳаллаҳои мазкур мулоқот доир карданд.
Дар аснои мулоқот бо сокинони аз офати табиӣ зарардида Миралиён Қиёмиддин изҳор дошт, ки ҳар як хонаводаи аз офати табиӣ зарардида пайваста зери таваҷҷуҳи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва аз мадди назари давлату ҳукумат дур нахоҳанд монд.