БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАЛБИ АҲОЛӢ БА КОРҲОИ САЗАДАГӢ!

ҚУБОДИЁН. Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён бо аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия фаъолон, соҳибкорони маҳаллӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар самти бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ Абдулмаинзода Заррина  муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наимов Маҳмадулло роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдурашидов Фозил  ҷонишини деректори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Абдуллозода Фариза  сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Маҳмадализода Абдулло   сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бердизода Юсуфҷон  хабарнигори рӯзномаи “Халқ овозӣ”, Қодирзода Ҷамшед  муовини сардори шуъбаи маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар шахсони масъул иштирок дошта, вобаста ба масъалаҳои мазҳкур фикру андешарҳои хешро баён доштанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg