ПАНҶ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Меҳвар суҳбату мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.
Ин навбат, дар маҳаллаи Араби ҷамоати деҳоти зикргашта бо мардуми заҳматкаши ин маҳалла вохӯрӣ роҳандозӣ карда шуд.
Мавзӯъҳое, ки мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ин татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал буда, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия суханронӣ намуданд.
Инчунин, оид ба ҳар як самти муайяншудаи фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, дар асоси ин самтҳо сокинони маҳалро ба сарфаю саририштакорона истифода бурдани неруи барқ, риояи қонунҳои миллии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии сокинон аз хатарҳои терроризму экстремизм ва фаъолгардонии шаҳрвандон ва ҷалби бештари соҳибкорон ба корҳои созандагию ободии маҳал аз ҷониби шахсони муттасадӣ андешаронӣ карда шуд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон атрофи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди батадриҷ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ, таъсири бузург расонад аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир мегузорад.
Дар охир сокинон ва фаъолони маҳаллаи Араб Назриев Ҳамдулло ва Давлаталии Сафаралӣ баромад намуда, ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат баён карда, ҳавасмандиашонро аз таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизб баён доштанд.
Сипас, бо дарназардошти фикру мулоҳизаи баромадкунандагон ва ҷонибдории бошандагони маҳаллаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизб бо номи «Баҳористон» таъсис дода шуд.