БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ КИТОБИ "ТОҶИКОН"-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

ДӮСТӢ. Дар Маркази ҷавонон даври ноҳиявии Маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Нақши китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ" баргузор карда шуд.

Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия фаъолона иштирок карда, доир ба нақши китоби "Тоҷикон"-и Академик Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ баромад намуданд.

Тибқи низомномаи озмуни мазкур аъзои ҳакамон бо иштирокчиён саволу ҷавоб намуда, аз байни онҳо иштирокчии фаъол ва ғолибони озмунро муайян карданд.

Дар интиҳои ин чорабинӣ ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо дипломи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ сарфароз гардонида шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg