БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОРЗУҲОИ БАЧАГОНАИ КӮДАКОНРО МУҲАЙЁ СОЗЕМ!

ДАНҒАРА. Бо иштироки  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» дар толори боғчаи бачагонаи ба номи “Афсона”- и ноҳия бахшида ба Рӯзи кӯдакон аз ҷониби кӯдакон  чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ суханронӣ намуда,  ҳамаи кӯдаконро ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи  кӯдакон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахтӣ  ва саломатиро таманно намуда,  иброз доштанд, ки ҳамасола 1  июн дар саросари олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Тавре аз моддаи 34 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, модару кӯдак  таҳти ҳимоя ва  ғамхории махсуси  давлатанд, ки  барои ҳифзи  кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамоянд.

Дар чорабинии мазкур  саҳми арзандаи мудири боғча Холназарова Гулнигор ва мураббии калони кӯдакистон Муҳаббат Шамсиддинова лоиқи шоиста мебошад. Кӯдакон ба сурудхонӣ, рақсидан ва қироати шеър машғул шуда, дар охир ҳунарнамоии кӯдакони боғчаи бачагона ин чорабиниро хеле ҷолибу фараҳбахш ҷамъбаст намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg