БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР КАСЕ БАР ҚАДРИ ВАҲДАТ МЕРАСАД, Ӯ БА ИҚБОЛУ САОДАТ МЕРАСАД...

АНДЕША.  Оре, сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву оромии мардум буда, маҳз он сабабгори ба хотири ҷамъ, баҳри ояндаи дурахшон, барои ободии диёру хонадон меҳнат кардани мардум ба шумор меравад.
Сулҳ шоистатарин неъмати рӯи замин аст. Хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модарон, орзую ормони одамон ҳамеша аз сулҳу амонӣ бармеояд. Аз ин рӯ, сулҳ барои инсон чун обу ҳаво зарур аст.
Сулҳу ваҳдат аз ҳам ҷудонашавандаанд, зеро танҳо бо якдигарфаҳмию ваҳдат ва дӯстии ҷовидонӣ сулҳ барқарор шуда метавонад.

Сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба мо муяссар нашудасст. Он ҳама кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад.

Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад”.

Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо ҷавонони бо ору номуси миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоему шукронаи ин неъмати бебаҳо кунем ва нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

 

Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,
Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.
Паи ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,
Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.

 

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg