
ВОСЕЪ. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободониву созандагӣ иҷрои дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон ва нафарони имкониятдошта дар ноҳияи Восеъ осоишгоҳ ва меҳмонхонаҳо сохта ба истифода додаанд, ки сатҳи хизматрасонӣ беҳтар гардид.
Маркази хизматрасонии “Эҳсон”, ки дар он ошхона, меҳмонхона, китобхона барои сайёҳон фаъолият менамояд, яке аз марказҳои хизматрасонии машҳур дар ноҳия шинохта мешавад.
Бартарии меҳмонхонаи зикршуда дар он аст, ки дохили он бо ҳунарҳои мардумӣ, суханҳои ҳикматомӯзӣ бузургони тоҷик ва расмҳои диққатҷалбкунанда оро дода шудааст. Ҳангоми ворид шудан ба меҳмонхона нахуст диққати сайёҳонро ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ороишоти меҳмонхона ҷалб менамояд.
Кумита иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади ҷалби сайёҳон ва пешкаш намудани хизматрасонии хуб барои мизоҷон ва таблиғу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ба Холов Хусрав соҳибкори ватанӣ сипоснома тақдим намуд. Бояд қайд намуд, ки то соли 2019 дар ноҳияи Восеъ ҳамагӣ 1 осоишгоҳ ва 1 меҳмонхона фаъолият менамуд, ҳоло бошад шумораи меҳмонхонаҳо ба 5 адад ва осоишгоҳҳо ба 3 адад расонида шуд.