БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИРЕБУ ДАСИСАҲОИ НАҲЗАТИЁН ОШКОР ШУДА ИСТОДААСТ

ВОКУНИШ.

Маълум аст, имрӯз аъзоёни Хизби Террористию экстремистии Наҳзати исломӣ дар хориҷи кишвар бо ҳар роҳу васила ва фиребу найрагҳои худ аз Муҳиддин Кабирӣ сар карда то ба Иқболу Ашур Ҳусейнов ва дигар аъзоён дар баромадҳои онлайнияшон пайваста аз набудани ободӣ ва пешравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳон кушода ҳарзагӯиҳои зиёд мекунанд. Бо дасисаҳои маккоронаи худ мехоҳанд байни мардуми тоҷик нооромӣ андозанд. Бо ин амалу рафторҳояшон боз ҳамон мусибате, ки солҳои 90-ум болои мардум кашида буданд, кушиши дубора такрор намудани онро доранд. Ҳамаи ин наҳзатиҳо таълимгирифтаи давлати исломии Эрон ҳастанд. Яке аз инҳо Иззат Амон таълимгирифтаи давлати исломии Эрон аст. Бо фиребу найранг ва дасисаҳои худ  сари чандин нафаронро тоб дода худро ватандӯстӣ асил ва инсондӯсти ҳақиқи нишон додааст. Аммо замоне фаро расид, ки дигар нафар ва ё ягон фиребу найрангаш ба кор нарафт. Аммо ногуфта намонад, ки бо омадани вақт ҳар як инсон барои ҳар як кораш дар назди қонун ҷавоб медиҳад. Шояд онҳое, ки пайи донистани ҳақиқат ҳастанд, кушиш мекунанд, ки тарафдори касе бошанд. Ҳамеша бо фикри худ, пайи донишҳои амиқ ва таҳлилҳои дуруст бошед. Дар шабакаҳои интернетӣ, нафароне ки тарафдории Иззат Амонро мекунанд ба ҷуз ҳамон грӯҳҳои ифротии наҳзатӣ ва блогеронеи судхуре ҳастанд, ки бо роҳи фиребу найранг ва иғвою дасисаандозӣ маблағ ба даст оварда, дигар ягон манфиате ба мардум намеоранд. Агар каме фурутар фикр кунем, мақсади аслии ин хоинони наҳзатӣ пайи ғасби ҳокимият ва ғулом кардани мардуми тоҷик аст. Ман ҳамчун сокини шаҳри Бохтар ба наҳзатиҳои дар ба дар муроҷиат карда мегуям, ки мардум он мардуми солҳои 1992-юм нест, ки ба дасисаҳо ва найрангҳои шумо палидони фурухташуда ва он зархаридоне, ки виҷдонашонро фурӯхтаанд бовар кунанд. Боварӣ дорам, ки дар наздиктарин муддат вақти шумо низ фаро мерасад, ки дар назди қонун ҷавоб дищед. Албатта хеҷ як гурӯҳ ва ё нафаре дар хориҷ ҳақ надорад, ки қонунҳои  қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди танқид ва таҳлил қарор диҳад. Барои фаҳмидани пешравӣ ва тараққиёти кишвар агар кӯр набошӣ фақат зиндагӣ ва шароити зиндагии мардумро аз наворҳои видеоии туйю маҳрака ё дигар видеороликҳои дар солҳои 1992-2000 дар қиёс ба солҳои 2015-2021 гузоред, бинед, фикр мекунам хулосаи даркорӣ бароварда метавонед. Барои фаҳмидани пешравӣ ҳарзагӯиҳои Кабирӣ, Беҳрӯз, Ҳусен ва дигар харони наҳзати лозим нест. Аҷибаш ин, ки наҳзатиҳо дар минбарҳои озоди ба қавли худ ташкилкардаашон дар шабакаи иҷтимоии “You Tube” ҳангоми пахши мустақим касоне, ки на маданияти сухангуӣ, на дониши сиёсӣ ва на дуруст ҳарф зада метавонанд онҳоро наҳзатиҳо тарафдорӣ ва ҳар чи, ки онҳо бе таҳилил ва руирост дуруғ ҳам гуянд, наҳзатиҳо бошад сар чунбонда иқрори дуруст буданро тасдиқ мекунанд. Нафароне, ки дифоъ аз давлату миллат ва роҳбари кишвар мекунанд, ки аз наворҳои пахши мустақим маълум аст, дорандаи дониш сиёсӣ ва малакаи хуби сухангӯи доранд онҳоро барои сухангӯи роҳ намедиҳанд ва ҳатто масхараомез мегуянд “Минбари худам аст, худам идора мекунам хоҳам мекушам ва ё хоҳам гап мезанам” ба онҳо суҳбат ва рафтор мекунанд. Оё ҳамин дурӯст аст ва ба нафари адолатхоҳ ва ислоҳотпарвар монанд аст? Не албатта маълум аст, ки ин нафарон чун аблаҳон  корашон масхараю ахмақигарӣ беш нест.

Боз вақтҳои охир М. Кабирӣ дар баромадҳои видеоии худ, ба қавли худаш гӯё, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш аз дуруғ корро оғоз кардааст. М. Кабирӣ! Ту як бор ҳамон найрангҳои бофтаи худро худат тамошо кун! Шармат меояд.  Мумкин боре ҳамон дуруғҳои худатро рӯ ба рӯи экран нишаста хуб тамошо накардаӣ. Агар мекардӣ шарм карда ҳарзагӯиро бас мекардӣ. Лекин инҷо гапи дигар аст, дар ту на шарму на ҳаё мондааст. Пусти рӯят аз пусти хар дида ғафстару сахтар шудааст. Худат дар ба дару хок бар сарӣ, овора аз ин дар ба он дар бас будагист. Аз мардум чи мехоҳӣ, мехоҳи, ки ба мисли ту хамеша дар ба дар дар паноҳгоҳи сиёсӣ карор дошта тобеъи ба хоҷаашон  бошанд. Имрӯз мардум он мардуми солҳои 90-ум нестанд. Сафедро аз сиёҳ хуб фарқ карда метавонанд. Аз ҳаракатҳо ва симоят маълум, ки худат аз ин корҳо хаста шудаӣ. Лекин чи илоҷ, ки ба ихтиёри худат нестӣ. Хоҷагонат ором буданатро намехоҳанд ва намемонанд. Ту низ аз оромии мардум ҳасад бурда, кушиш мекуни дасисаю найранг созӣ то ҳамсафонатро зиёд кунӣ. Лекин аз дастат ҳеҷ чиз намеояд. Ааллакай хоҷагонат медонанд, ки дигар мадору куввати фиребкардан ҳам фитнаандохтан надорӣ. Лекин ту барои хоҷагонат ба куштан ҳам арзиш надорӣ. Ва ба наздики дар ин дуруғу найрангҳои чандинсолаат ва чоҳи кандаат худат меафтӣ ва ё хочагонат бо ду дасти адаб мепартояндат. М.Кабирӣ мо чавонони зодаи даврони истиқлолият, ҳамеша атрофи дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ҳастем ва хоҳем монд. Намегузорем нохалафе чун ту мардуми тинҷу ором ва осударо ба хунрезию дасиса ва иғвоангезӣ даъват кунад.

Инро бояд донист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат миллатро аз вартаи нестӣ ва давлатро аз парокандагӣ раҳо додааст. Ба монанди дигар президентҳои кишварҳои олам дар як давлати тинҷу ором ва обод ба сари ҳокимият наомадааст. Замоне ба сари ҳокимият омаданд, ки халқу давлат бо дасисаҳои хориҷиён ва ба дасти аъзоёни наҳзатиёни ифротӣ ба нестӣ рафта истода буд. Тамоми халқи тоҷик ва тоҷикистониён хизматҳои Пешвои муаззами миллатро дар таъмини сулҳу оромии даврони ҷанг, муттаҳидсозии миллат зери як парчам ва аз байн бурдани кинаву адоват, дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳон муаррифӣ намудани миллату давлати тоҷик ва ба гулистон табдил додани давлате, ки дар вартаи бадтарин ҷанг-ҷанги бародаркушӣ ва оғуштаи хун буд, бояд нодида нагирем. Пас аз ин  комёбиҳои халқ ва қаҳрамониҳои Пешвои миллат бо пойдор намудани сулҳу оромӣ дар кишвар боз чи гуна метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон  пешравӣ нест. Оё хизматҳои Пешвои  муаззами миллатро барои миллату давлат нодида гирифта мешавад? Не албатта. Агар шахсоне, ки дониши васеъи сиёсӣ надоранд, шояд нафаҳманд. Аммо наҳзатиёни ифротӣ, ки мақсадашон низоъ андохтан байни давлату милат аст ин ҳамаро инкор мекунанад. Ин ҳама ободӣ ва бартараф намудани мушкилоти даврони ҷанги шаҳрвандӣ,  аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва кишоварзӣ рушд кардани кишварро, одди карда гуем дастархони пур аз нозу неъмати мардумро наҳзатиёни ифротгаро, нотавонбинон, ҷосузон ва бадхоҳони миллат намебинанд.

Воқеан ҳам имрӯз нафароне, ки берун аз кишвар истода ба суи миллату давлат санг мепартоянд, аз ҷавононе, ки дониши каму ақли кутоҳ доранд суистифода карда, онҳоро ба доми худ кашида аз хонаву наздиконашон ва ватанашон ба монанди худашон дур сохта, барои амалӣ намудани мақсадҳои нопокпшон истифода мебаранд.

Ба маврид аст ёдовар шавем, ки муттањидиву сарљамъї њамчун сарчашмаи бахту иќболи миллат ва пешрафти давлати миллї бегазанд ва њамеша пойдору устувор боќї мемонад ва мардумро дар роњи пешгирии њама гуна мушкилї ѓайрату ќувва  ва илњоми тоза  мебахшад, зеро бузурге фармуда:

Зури мушт аз ваҳдати ангуштон ояд ба даст,

Аз парешони ҷамъият нигаҳ дорад Худо.

Аз парешонӣ бидон иллит ба миллат мерасад,

Миллати моро аз ин иллат нигаҳ дорад Худо.

Асроров Саидшо –

мудири шуъбаи таълиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg