БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад

КӮЛОБ. Солимии миллат кафолати асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Дар айни ҳол имрӯз дар ҷомеа гирифторони бемориҳои сироятӣ ба амсоли ВНМО/АНМО, Гепатит С ва нашъмандӣ зиёд ба мушоҳида мерасад, ки ин бисёр ташкишовар аст. Дар ҳамин замина Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ пайваста нишасту вохӯриҳо доир менамояд.

Дар ин росто дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташхиси хун” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор карда шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташхиси хун” Хоразмов Сайфулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суҳбат Мунаввараи Бозоралӣ изҳор кард, ки пеш аз ҳама моро зарур аст ба дарки ҷомеа расонем, ки саломатии мо дар дасти худи мост. Сарчашмаи асосии рушди давлат низ маҳз аз солим будани шаҳрвандони ӯ вобастагӣ дорад.

Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар баён намуданд, ки “Танҳо дар кишвари мо аз бемории вируси норасоии масъунияти одам, ки ду-се даҳсола пеш дар байни мардумамон умуман вуҷуд надошт, дар бист соли охир қариб 2500 нафар ва дар даҳ соли охир аз бемории нашъамандӣ зиёда аз 500 нафар фавтидаст”. Ин шумораҳои нигароникунанда бар он водор менамояд, ки барои баландбардории сатҳи маълумотнокии ҷомеа оид ба касалиҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷонноктар намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg