БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН ЯКЕ АЗ НУКТАИ МУҲИМИ ПАЁМ МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  ба  сокинони  ноҳия  фаҳмонидани  муҳтавои  Паёми  имсолаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба  сокинони  ноҳия  ҳамарӯза корщои фаҳмондадиҳиро   ба  роҳ  монда  истодаанд.

Намояндагони ҳизбӣ   бо саҳмдорони хоҷагии деҳқонии маҳаллаи Лолазори ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия  суҳбати  сарироҳӣ  баргузор  намуда,  ба  сокинони  маҳалла нуктаҳои  Паёмро  шарҳу  тавзеҳ  дода,  сиёсати  хирадмандонаю созандаи  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  моҳияти  аслии  онро дар  раванди  корҳои  созандагию  бунёдкорӣ, 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мақсади  тарбияи  ахлоқиву  маънавии  ҷомеа  буданашро  ба  сокинон  фаҳмонида  доданд.

Қайд  намуданд, ки  дар  Паёми  имсола  Пешвои  миллат аз  дастовардҳои  кишвар  дар  самти  истиқлолияти  озуқаворӣ  ва  бунёди  иқтидорҳои  нав  дар  ин  соҳа  истода  гузашта  қайд  намуданд, ки  баланд  бардоштани  маърифати   оқилонаву  сариштакоронаи  истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз як замин се ҳосил гирифтан  ва захираи дусолаи маводи хурока вазифаи ҳар  як  сокини  бо  нангу  ори  кишварамон  бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg