Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб вобаста ба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи хӯрока истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроия ҳамарӯза дар деҳот бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондидиҳиро роҳандозь намуда, аз ҳар як оила дидан карда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ истеҳсолу захираи кофии маводи хӯроквориро ба сокинон тавсия медиҳанд.
Ин навбат масъулин ба сокинони деҳаи Бешкенти ҷамоати деҳоти Истиқлол вохӯриҳо баргузор намуда, ба хонаҳои сокинон ташриф оварда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиашонро дидан намуданд. Ҳамчунин вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, рангу бори манзили зист, татбиқии ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар намудани хайру сахо суҳбатҳо баргузор намуданд.
Дар суҳбат қайд гардид, ки бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳар як сокин зарур аст, ки корро тарзе ба роҳ монад, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошад ва захираи маводи хӯрокаро афзун намояд то ин ки аз норасогии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ накашад.