БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗОДИВУ ОБОДӢ АЗ ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ!

АНДЕША. Мо таърихи куҳан дорем мардуме мебошем, ки фарҳанг ва санъати мо ҷаҳонро тасхир кардаасту аз минбарҳои баландмақом тарафдори сулҳ ва амнияти башар ҳастем.

Мо ганҷинае дорем, ки ҳазор сол пеш мутафаккирони тоҷик онро ба ҷаҳониён барои рушду нумуи ҳамаи соҳаҳо ҳатто соҳаи тибб бахшидаанд.

Мардуми соҳибтамаддун ва қавииродаи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳои таърихӣ танҳо барои роҳнамоӣ ва озодии инсоният талош намудааст. Осори гаронбаҳои адибони тоҷик равшанбахш ва роҳнамо ба сӯӣ ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад. Мо мардуме ҳастем, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо дона киштему ва самараи онро чашидаем. Имрӯз садҳо ҳазор бор шукри истиқлолият, давлат ва амну субот мекунем, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби марзу бум ва давлати ягонаи худро соҳиб аст.

Самараи Истиқлолият аст, ки дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа пешравӣ ва рушд мушоҳида мегардад. Дар кӯтоҳтарин фурсат шаҳру ноҳияҳои мо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як макони ободу зебо табдил ёфта, боғу марказҳои фароғатӣ барои ҷавонону наврасон фароҳам оварда шуд. Иншоотҳои нави муосир сохта ба истифода дода шуда, сатҳи хизматрасонӣ беҳтар гардид. Роҳи кӯча, деҳаву маҳаллаҳо сангфарш, мумфарш карда шуд. Саховатмандон нафарони доро ҷиҳати равшаникунонии деҳаҳо, кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳми худро гузоштанд. Дар маркази шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот боғҳои фарҳангӣ, гулгашт ва маконҳои истироҳатӣ таъсис дода шуд. Мушкилоти норасоии об дар баъзан деҳаҳо бартараф карда шуд.

Бо ҷалби нафарони имкониятдошта, хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, мизу курсӣ ба ҳар як синфхона таъмин карда шуд. Дар деҳаву маҳаллаҳо барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои саломатӣ сохта ба истифода дода шуда, утоқи хатна барои шаҳрвандон ташкил гардид.

Яке аз дастовард ва ободкориҳо ин дар соҳаи варзиш бунёди майдончаҳои варзишӣ маҳсуб меёбад. Чунин иқдом аз ҷониби соҳибкорон, ин саҳмгузорӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим пазируфта мешавад. Имрӯз ҷавонон ва насли наврас бе мамоният метавонанд ба варзиши сабук машғул шуда, бадани хешро обу тоб диҳанд.

Беҳтар шудани вазъи хизматрасонии иҷтимоӣ ва обод гардидани ҳар як гӯшаи кишвар шаҳодат аз он аст, ки сокинони бонангу номуси мо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоянд.

Мо имрӯз саропо талош бар он менамоем, ки диёри худро ба як гӯшаи ободу зебои дунё табдил диҳему барои насли оянда шароити хуб фароҳам оварем.

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg