БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, бо мақсади татбиқи босамару вусъат ва ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров ба ҳар оилаи кишвар, маҳфил-озмуни «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» -ро дар назди бинои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ баргузор намуд.

Дар Комиссияи озмун раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Олимзода Низора, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳикматулло, собиқадори фаъоли ҳизб, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бердӣ Валиев иштирок ва доварӣ намуданд.

Дар маҳфил- озмун хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок карданд.

 Иштирокчиёни озмуни мазкур тибқи Низомномаи маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» доир ба моҳияти таърихӣ ва ватандӯстии китоби «Тоҷикон», маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯи нақли осор баромад намуданд.

Сипас, аз ҷониби ҳакамон ба иштирокчиён аз китоби «Тоҷикон» саволҳо пешниҳод намуда, ба ҳар яки онҳо баҳои воқеӣ доданд.

Дар охир ба 3 нафар ғолибони маҳфил-озмун Чапгулов Билолиддин, Аланазарова Шукрона ва Валиева Амина дар номинатсияҳои гуногун барои иштироки фаъолона аз ҷониби Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо Сипоснома ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg