ПАНҶ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ баҳри баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии Панҷ» амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман!” баргузор гардид. Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ суханронӣ намуданд. Зимни сӯҳбат раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қайд намуд, ки дар масъалаи пардохти сари вақтии ҳаққи узвият, ҷалби бештари ҷавонони ташаббускор ба сафи ҲХДТ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории дар назди ташкилотҳои ибтидои диққатӣ ҷиддӣ дода мешавад.