ЛЕВАКАНТ. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваставу беназири давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон назаррас арзёбӣ гардида, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст.
Дар ин росто бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода бо ҷавондухтарони ятими кулл вохӯрӣ доир карданд, ки дар ин 15 нафар ҷавондухтарони ятими кулл аз шаҳри Левакант иштирок доштанд.
Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, зимни суханронӣ иброз намуд, ки лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат ҳамеша бо хислати нодири раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат буда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа борҳо талаб менамоянд. Ва ҳамин аст, ки пайваста таъкид медоранд, ки “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”.
Дар охир аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҷавондухтарон бо як миқдор маблағи пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.