БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ АЗ ҶАВОНОНИ БАОБРӮИ ОН САРЧАШМА МЕГИРАД

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКСК» – и шаҳр бахшида ба "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" мизи мудаввар таҳти унвони "Пешвои миллат - ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон" баргузор гардид.

Чорабиниро М. Самиев  муовини раиси ҲХДТ дар шаҳр  оғоз намуда, ҳайати кормандон ва махсусан ҷавононро ба ин рӯз табрик намуд.

Қайд гардид, ки «Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва беҳдошти фазои кунунии он тадбирҳои муассирро амалӣ карда истодааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон қонун, консепсия, стратегия ва дигар санадҳои дахлдор қабул гардидаанд. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии фаъолияти худ қарор додааст. Бинобар ин ҷавононро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, баҳри рушди шахсӣ ва ободии Ватани азизамон талош намоянд».

Сипас, барои иштирокчиёни мизи мудаввар Ҳусейнов У. мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар мавзӯи «Сарбаландии миллат аз ҷавонони баобурӯи он сарчашма мегирад» маърӯза намуд.

Зимни маърӯза қайд намуд, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз омилҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Дар ҳақиқат имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Бинобар ин имрӯз ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст.

Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд барои ба даст овардани боварии Сарвари давлат талош варзида дар баланд бардоштани парчами ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти пойдор ва азму иродаи созандагиву бунёдкориҳо дар сафи пеши созандагони Ватан қадам гузоранд!. Ва ҳамчун ҷавонони бомасъулият аз Ватан, миллат, забон ва ниёгони худ сарбаландона ифтихор намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамоми қувваи худро сарфа намуда, Тоҷикистони азизамонро дӯст дошта, ба мисли гаҳвараки чашм аз нохалафон дураш нигоҳ дорем.

Ҳамзамон, дар қисмати дигар аз тарафи масъулини Кумита ба иштирокдорони фаъоли аъзои ҳизб сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир М. Самиев бори дигар ҷавонони ЛКСК ва дар симои онҳо тамоми ҷавонони Тоҷикистонро табрику таҳният намуда, онҳоро ба расидан ба қадри истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, бедории маънавӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg