ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо ҷалби аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан"- и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бахшида ба "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Пешвои миллат - ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон" дар кӯчаву майдони маркази шаҳр бо тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ ба ҷавонон баргузор карда шуд.
Дар ин Аксия 20 нафар ихтиёран ва кормандони масъули Кумита иштирок намуда, зиёда аз 200 адад варақаҳои таблиғотӣ дастраси сокинон гардониданд.