БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ВОЛОНТЁРОН ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПИЛЛА

ЛЕВАКАНТ. Сол то сол фаъолияти волонтёрӣ дар кишвар рушд намуда, саҳми волонтёрон дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ хубтару беҳтар мегардад. Ин аст, ки волонтёрон ба таври ихтиёрӣ, ки яке аз принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ ба шумор меравад, дар маъракаҳои муҳими фарҳангиву сиёсии кишвар, фаъолона ширкат мекунанду саҳми худро дар ҳаёти сиёсии мамлакат, инчунин пешрафти давлату миллат мегузоранд.

Дар ин ҷода вологтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷиҳати таҳкими фаъолияти намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва рушди хизматрасониҳои волонтёрии ҳизбӣ ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки донишу малакаи худро дар самти соҳаҳои гуногуни мамлакат  махсусан соҳаи кошоварзӣ ва пиллапарварӣ такмил диҳанд.

Бо ин мақсад санаи 20 майи соли ҷорӣ гурӯҳи волонтёрони ҷавони назди Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ барои кумак ва ҷамъоварӣ намудани ҳосили сафеди ба дастомадаи пиллаи сафед ба хонаи Ҳусейнов Ҷӯрабой, истиқоматкунандаи деҳаи Якачинори ҷамоати деҳоти Гулистон ташриф оварданд.

Ин иқдом таваҷҷуҳи бошандагони ин маҳалларо ҷалб намуда, барои боло рафтани сатҳи маърифатнокиашон мусоидат намуд.

Аз ҷониби дигар ташкил намудани суҳбату дидорбинии ҷавонону наврасон бо дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, меҳнатдӯстиву заҳматнописандӣ ва ватандӯстию ватанпарастии онҳо нақши муҳим дорад.

Бояд зикр намуд, ки пилла ин боигарии давлат ба шумор меравад, зеро кори кирмакпарварӣ пурмашаққат ва заҳматталаб буда, барои парвариш ва истеҳсоли пиллаи хушсифат ҳамаҷониба деҳқононро дастгирӣ бояд намуд, то ин ки нақшаи дурнамои истеҳсол барзиёд таъмин гардад.

Ҷурабой Ҳусейнов аз деҳқонони пуртаҷрибаест, ки солҳои сол баҳри пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ садоқатмандона заҳмат кашидааст. Бо вуҷуди синни беш аз ҳафтодсола доштан, ҳанӯз ҳам аз меҳнат дар замин даст кашиданӣ нест. Замини наздиҳавлигияш мунтазам коркард мешавад ва аз он маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба даст меорад. Бобои Ҷӯрабой бо хушнудӣ аз таваҷҷуҳи Кумитаи иҷроияи ҳизб ва ёдоварӣ аз рӯзгори гузаштаи хеш бо волонтёрони ҷавон суҳбати гарму самимӣ доир намуд ва таъкид дошт, ки танҳо меҳнати садоқатмандона ба Ватану миллат касро ба мартабаҳои баланд мерасонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg