КӮЛОБ. Дар толори театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб консерти ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи санъат” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб масъули ҳизбӣ Саъбугул Валиева, Мунаввараи Бозоралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Бедаков Шариф ва дигар нафарони расмӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки санъати мусиқавии халқи тоҷик чунон шӯрангез, чунон таъсиромез, чунон шавқовар аст, ки шунавандагонро ба ҷӯшу хурӯш меоварад ва ба онҳо шавқу ҳавас мебахшад.