КӮЛОБ. Дар “Кохи Ватан” - и шаҳри Бохтар дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ намудани ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазири ҷомеа инкишофи қобилияти эҷодӣ, бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни ҳизбии “Мо бо шумоем!” миёни кӯдакону наврасони маъюби аз 6 то 18 сола баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар озмуни мазкур аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб се нафар аз рӯйи 3 номинатсия иштирок намуда, дар натиҷа аз рӯйи номинатсияи маҳорати сурудхонӣ - тарбиятгирандаи муассисаи таҳсилоти томактабии № 5-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб – Ҳисайнов Ҷамшед сазовори ҷойи 2-юм гардида, хонандаи синфи 11-уми МТМУ №51 - и шаҳри Кӯлоб Асламов Сарбаланд ва хонандаи синфи 2-юми Литсейи №1- и шаҳри Кӯлоб Асоев Юсуфҷон ҷойҳои ифтихориро нассиб гардиданд ва бо Диплом ва мукофотҳои пулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.