БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮДАКОН - ОЯНДАИ МОВУ ШУМО!

АНДЕША. Дар сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи насли наврас - қувваи бузурги мамлакат мақоми хосса дорад. Зеро ояндаи мамлакат аз бисёр ҷиҳат ба насли наврас вобаста буданашро Пешвои миллат хуб дарк карда буданд ва барои ҳамин аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шуданашон то ҳозир ба ин масъала эътибори махсус медиҳанд.

Ҳамасола 1 июн дар саросари олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин конвенсия мавриди амал қарор дорад ва корҳои зиёде дар ин самт амалӣ мегарданд.

Бояд қайд намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо хамчун пояи асосии ояндасози миллат, аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад.

Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд кӯдак ба ҳисоб меравад. Бештар аз 30 дар сади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо барои Ҷумҳурӣ захираҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд, бинобар ин давлат барои муҳайё намудани шароитҳои беҳтарин барои кўдакон саъю талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад, ки ин амал боиси шодӣ ва хушбахтии кӯдакону насли наврас мебошад.

Шодии насли навраси имрӯзаро дида, ба хулосае меоем, ки ҳамаи инҳо тантанаи сиёсати оқилонаи Президенти кишвар дар тарбияи насли наврас аст. Ин аст рисолати падарона ба насли наврас, ғамхорӣ кардану меҳру саховати худро аз онҳо дареғ надоштан. Барои ҳамин ҳам насли наврас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранд ва бо ғуруру ифтихор “падар ва ё бобои мо” мегӯянд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи кӯдакони ҷаҳонро бо Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон, ки 1-июн ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ хоҳонам.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg