АНДЕША. Бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аст, ки ҳамаи комёбиву муваффақиятҳои баъдӣ дар Тоҷикистон самараи он мебошанд. Имрӯз дар тамоми самту соҳаҳо ба дастовардҳои бузургу беназире ноил гардидаем, ки ҳамаи онҳо натиҷаи қабл аз ҳама ташаббусҳои Роҳбари давлат ҷиҳати рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат ва муаррифии мамлакат ба ҷаҳониён аст. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро як кишвари ислоҳотгар ва давлати дар ҳоли рушду тавсеа эътироф намудааст.
Тазаккур бояд дод, ки дар атрофи фаъолияти сиёсӣ ва иқдомҳои густурдаи Роҳбари муаззами мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои кишвар ва мардуми худ намудааст, китобу мақолаҳо ва филмҳои мустанади зиёд таҳия ва интишор гардидаанд, вале на ҳамаи онҳо фарогири ҳаёти бошууру бобаракат ва фаъолияти бунёдкоронаву созандаи роҳбари асилу арзандаи давлат ҳастанд. Тадбирҳое, ки Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули миллат, таҳкими истиқлолият ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд, бесобиқаву беназиранд.
Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали интихоб гардидан ба мақоми Роҳбар дар мамлакат бо вуҷуди мушкилиҳои давр, шароити мураккаби ҳарбию сиёсӣ, дар баробари иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ, таҳким бахшидани сохторҳои идориву низомии давлат баҳри дар ҳаёт нигоҳ доштани сохтори иқтисодии мамлакат чораҳои зарурӣ андешиданд. Ҳанӯз то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақомоти роҳбарии мамлакат бо сарварии Имрӯз кишвари мо дар ҳама самт ва дар ҳама соҳаҳо робитаҳои байналмилалии худро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст, ки ин ҳамкориҳо
марҳила ба марҳила тавсеъа ёфта истодаанд. Барои тамоми кишварҳои ҳамкор ва созмонҳои муътабари байналмилалӣ кишвари мо ҳамчун шарики боэътимод ва боварибахш мавқеъи худро муайян намудааст.
Дар замони пас аз соли 1994 то татбиқи пурраи нуктаҳои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне соли 2000-ум, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маҳдудиятҳои молиявӣ нигоҳ накарда, сохтмони як қатор иншооти барои пешрафти минбаъдаи мамлакат муҳим, аз ҷумлаи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди байналмилалии Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, бунёди нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда, нерӯгоҳи барқии Помир, нақби Анзоб ва даҳҳо дигар сохтмонҳои бузургро ба анҷом расонид. Теъдоди зиёди корхонаҳои фалаҷгардида аз нав барқарор шуданд.
Дар марҳалаи сифатан нав дар амри эҳёи иқтисодиёти мамлакат, ки аз соли 2000-ум, давраи таъмини пурраи суботи сиёсиву иҷтимоӣ оғоз мегардад, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар тӯли ин солҳо иқтисодиёти мамлакат беш аз пеш ба низоми навини бозаргонӣ мутобиқ гардида, пешрафти босуботро касб намудааст. Дар ин солҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ҳам бо маблағҳои дохилӣ ва ҳам бо сармоягузориҳои хориҷӣ бунёд гашта, иловатан даҳҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар бо кор таъмин шудаанд.
Фақат рӯйдодҳои фараҳбахштарини соли 2005-ум ва авали соли 2006-ум – эҳёи сохтмони нерӯгоҳҳои Роғун, Сангтӯда-1 ва оғози сохтмони НОБ-и Сангтӯда-2-ро ёдовар шудан кофист, то бароямон аён бигардад, ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон чӣ ҷаҳиши бузурге рух додааст ва ин чӣ имкониятҳои пешрафту тараққиро барои ҷумҳурии мо боз мекунад!
Имрӯзҳо мамлакати мо ба шарофати суботи устувори сиёсиву ҷамъиятӣ ва заминаҳои мусоиди ҳуқуқии ҷалби сармоя беш аз пеш диққати давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ширкатҳо ва доираҳои сармоягузори бонуфузи дунёро ба худ ҷалб намудааст. Хусусан, дар панҷсолаи охир ҳафтае нест, ки изҳори ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ дар ин ё он риштаи иқтисод ва ё соҳаи хизматрасонӣ аз ҷониби хориҷиён садо надиҳад. Ин дастоварди миллати тоҷикро, ки бо талошу заҳматҳои созандаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, тамоми дунё эътироф менамояд ва ба роҳбари оқилу хирадманди мо таҳсину офарин мехонад. Ин гуфтаҳоро мо бо далелҳои боэътимод метавонем собит созем ва аз он ифтихор намоем.
Бонки умумиҷаҳонӣ соли 2011 рейтинги давлатҳоеро, ки барои рушди тиҷорат заминаи устувор мегузоранд, нашр намуд, ки дар он Тоҷикистон дар қатори 10 давлати аввали дунё ҷой гирифтааст.
Хабарнигорони бидуни марз соли 2010 вазъи озодии баёнро омӯхта, Тоҷикистонро дар ин самт ҳамчун озодтарин давлати Осиёи Марказӣ номбар кардаанд. Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисод дар Амрико соли 2011 рӯихати кишварҳои бехатар дар ҷаҳонро нашр кардааст, ки Тоҷикистон дар он босуботтарин кишвари минтақа буда, аз назари амнияту субот аз тамоми кишварҳои минтақа ва кишварҳои пасошӯравӣ пеш гузаштааст.
Тоҷикистон дар рейтинги “Happy Planet Index – 2012” дар миёни кишварҳои “хушбахттарин” шомил шудааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки мардуми Тоҷикистон бо тантанаи сулҳу амният ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим худро хушбахт меҳисобанд. Тибқи арзёбии сомонаи маъруфи интернетии сайёҳии «Globe Spots» -Тоҷикистон ба даҳгонаи макони беҳтарини сайру сайёҳӣ дар соли 2014 шомил гардид.
Бонки байналмилалии асъор соли 2014 Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ислоҳотгар ворид намудааст. Ба андешаи коршиносон ва таҳлилгарон, ҳукумат барои рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муҳим ва пайиҳам андешида, инфрасохтори замонавӣ фароҳам меоварад. Геллап (Gallup) - яке аз марказҳои маъруфи назарсанҷӣ соли 2015 Тоҷикистонро амнтарин кишвари пасошӯравӣ ва аз ҷумлаи 10 кишвари бехатартарин арзёбӣ намудааст.
Бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аст, ки ҳамаи комёбиву муваффақиятҳои баъдӣ самараи он мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мураккаби ҷаҳонишвӣ мо мавқеи худро мушаххас ва муайян намуда, ба арзишҳои миллию маънавии хеш рӯй овардем. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як моҳ қабл аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ,
23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ боз мулоқот ороста, ҳини ин вохурӣ оид ба таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда расонид. Ин маънои дар ҳаёти ҷавонони кишвар боз гаштани саҳифаи наве буд. Баъди як сол, 16 майи соли 1998 вохӯрии навбатии Президент бо ҷавонони лаёқатманд доир гардид. Ин мулоқот барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва умуман барои татбиқи босамари сиёсати давлат дар байни ҷавонон заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар ин вохӯрӣ муждаи Сарвари давлат дар бораи минбаъд санаи 23 майро Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон намудан ба насли ҷавони кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Аз ин рӯ, аз соли 1998 инҷониб дар ҷумҳурӣ 23 май ба таври расмӣ чун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин аз мавқеву мақоми хоса доштани ҷавонони кишвари соҳибистиклоламон гувоҳӣ медиҳад. Тӯли чанд соли охир дар саросари кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории «Ҳафтаи ҷавонон» ба ҳукми анъана даромадааст. Асри XXI дар ҳаёти ҷавонони кишвар боз як саҳифаи наве ворид намуд. Дар доираи «Ҳафтаи ҷавонон» ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 21 майи соли 2005 вохӯрии навбатии Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бо ҷавонони кишвар баргузор гардид.
Мулоқоти пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар собит месозад, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷавонон боварии комил дорад ва ғамхорӣ нисбати насли ҷавон яке аз самтҳои муҳими фаъолияташон аст. Ҳамин гуна вохӯриҳо зимни сафарҳои кории Сарвари мамлакат ба кишварҳои хориҷи дуру наздик борҳо ба вуқӯъ пайвастаанд, ки ҳамагон шоҳиди ин мулоқотҳои судманду хотирмон дар кишварҳои Амрикову Туркия, Миср, Корея ва Чину
Россияву Қирғизистон будем.
Имрӯз бовариву эътимоди насли навраси кишвар ба ин фарди асилу оқилу доно, ӯамхору дилсӯз, ҳомию роҳнамои ҷавонон боз ҳам афзун гаштааст. Маҳз дар давраи роҳбарии ин шахси бузург муносибат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба таври мусбӣ таӯйир ёфт ва ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Тайи 15 соли охир бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари мамлакат ва бо имзои ӯ қариб 100 санади меъёрӣ – ҳуқуқӣ аз қабили фармонҳо, амрҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, ки дар доираи татбиқи амалии онҳо 300 стипендияи Президентӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо, садҳо стипендияҳо барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва аспирантҳо, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон ҳар кадоме бо маблаӯи 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, ташкили 1000 адад квотаҳои Президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон барои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар, бунёди теъдоди зиёди муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун, марказҳои фарҳангии ҷавонон таъсис дода шудаанд.
Нахустин маротиба дар таърихи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон масъалаи маблаӯгузории сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳалҳо ҳаллу фасл гардид. Баҳри беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагонии ҷавонон, паст намудани сатҳи бекорӣ, гирифтани садди роҳи падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон ва вайроншавии оилаҳои ҷавон, танзими мушкилоти демографӣ ва умуман ҳал намудани як қатор масъалаҳои дигари муҳими рӯз панҷ маротиба Барномаи миллии «Чавонони Точикистон» барои солҳои 1999-2000, 2001-2003, 2004-2006, 2007 – 2009 ва 2010 – 2012 қабул гардиданд, ки заминаи мусоидеро барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам овардаанд.
Барои давлати ҷавони Тоҷикистон масъалаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон дар қатори масъалахои тақдирсозу аввалиндараҷаи стратегии давлатӣ қарор дорад ва барои дар ин самти муҳим ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштан таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳадафманд нақши калон мебозанд. Воқеан, соли 1995 қабул гаштани Барномаи «Тарбияи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ» нахустин падидае буд дар бахши тарбияи ватанпарастии ҷавонони ҷумҳурӣ. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Барномаи
давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2002-2005 ва 2006-2010 ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №208 Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013 қабул гардиданд, ки ин талаботи марҳилаи ҳозираи тараққиёти ҷомеа мебошад.
Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», қабули Консепсияи миллии сиёсати чавонон, Барномаи «Рушди саломатии ҷавонон барои солҳои 2006-2010» ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли
2020 аз ҷумлаи хидматҳои беназири Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони мамлакат маҳсуб мегарданд. Фарзонамарди соҳибсухане фармудааст: “Барои шуҳрати ҷаҳонӣ ва бақои маънавӣ пайдо кардани миллат зодан ва тарбия намудани шахсиятҳои бузург нокифоя аст, балки аз уҳдаи нигаҳдошт ва бузургдошти онҳо баромада тавонистан низ мебояд”.
Пас бар дӯши мо, ҷавонон, масъулият ва рисолати бузурге истодааст: эҳтиром ва арҷ гузоштан ба заҳматҳои созандаи Роҳбари муаззам, Пешвои воқеии миллат, ҳомию роҳнамои ҷавонон – Эмомалӣ Раҳмон.
Бознашр аз китоби “Эмомалӣ Раҳмон – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон”