ВОСЕЪ. Амалиёти ҳизбии «Шаҳодатномаи ҳизбӣ - ифтихори ман», дар ҳудуди ноҳияи Восеъ бо маром ва аз рӯи нақша идома дошта, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар баробари иҷрои талаботи тартиби гузаронидани амалиёти «Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман», бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ доир ба баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокии онҳо, фаъолнокӣ нишон додан дар чорабиниву аксияҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳо суҳбату мулоқотҳо доир карда истодаанд.
Ин навбат амалиёти мазкур дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маориф» гузаронида шуд ва дар ин вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷату ҳуҷатгузориҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маслиҳатҳои муфид доданд.