БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ!

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо мақсади кумак ба зарардидагони минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида (Кӯлоб, Вахш, А.Ҷомӣ) амалӣ хизматрасониҳои (кумакҳои) волонтёриро элон менамояд.

Волонтёрон барои кумак ба ин минтақаҳо ҳар рӯз сафарбар шуда истодаанд.

Хоҳишмандоне, ки дар ин кори хайру нек ба сифати волонтёр (ихтиёрӣ) мехоҳанд саҳмгузор бошанд, метавонанд худро бо нишонии поён номнавис намоянд.

Ки метавонад волонтёр шавад?

Шаҳрванди аз 18 сола боло, ки қобилияти иҷрои кори ҷисмонӣ дошта, азму хоҳиш дорад, ки аз ҳисоби вақтҳои холигии худ ба қишри ниёзманди аҳолӣ кумак расонад.

Волонтёр кадом гурӯҳи корҳоро иҷро менамояд?

Кору хизматрасонии асосии волонтёр (бо назардошти мавзуи эълон) иборат аст, аз: тоза кардани хонаҳо аз лойиқа ва партовҳо; кашонидани маҳсулот ва иҷрои баъзе корҳои сохтмонӣ; кашонидани об; ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ.   

Рақамҳо барои  тамос ва номнависӣ (83222) 2-94-19, 93-720-27-27)

ВОЛОНТЁРӢ ШАРАФ АСТ!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg