БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

...НИГАҲЕ БА ХЕШТАН КУН, КИ ТУ ҲАМ ГУНОҲ ДОРӢ

ВОКУНИШ. Ҳақиқатан дар ягон давру замон, ҳеҷ як нафар, ҷомеъа, давлат бе камбуди ва мушкилот набуд ва нест.  Дилхоҳ давлатҳои тараққи карда дорои камбудӣ ва ё мушкилот аст.Табиист, ки мушкилот танҳо бо роҳи осоишта ва кумаки сокинон бартараф карда мешавад.Дар ин росто  Истиқлолияти давлатӣ  дар ҳалли мушкилоти мардум нақши калиди дорад. Тоҷикистон ҳамчун як давлати ҷавон тавонист дар тули 30-соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳо назаррас ноил гардад ва ин дастовардҳо барои таъмини зиндагии шоистаи мардум зина ба зина заминаи мусоид фароҳам гузошт.Аммо бо назардошти  ҳамаи  ин  дар  ҷомеа афроди лошахӯре ба назар мерасанд, ки пас аз ҷонбозиҳои шеррон мехоҳанд луқма ба даст  оваранду соҳиби мутлақ гарданд.Яке аз чунин лошахӯр  роҳбари  ташкилоти террористию экстремисти ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки пас аз ватансозию ватандории азалии Пешвои - миллат мехоҳад, ҳокимиятро бо роҳи фиреб, фитна, дасиса ва қатлу куштор соҳиб гардад. Вале бехабар аз онаст, ӯ ва ҳаммаслаконашро  миллат ва  таърих ҳамчун як хиёнаткор, ватанфӯруш ва бевиҷдону миллаткӯш, барои ҳамешаги сапт кардаву ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад кард. Агарчи бо далелҳои зиёд парда аз рӯи М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба монандӣ Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашуров ва дигар пайравонашон  борҳо бардошташудаву чеҳраи манфури онҳо намоён гардидааст, вале  ин  ғуломони хориҷӣ  ба мисли ҳашароте, ки номаш хамилиён аст,  худро  дар либосҳои таҳия кардаи соҳибонашон зеб медиҳанд.Маълум аст, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои нопоки худ тамоми роҳу воситаро истифода намуда истодаанд. Яке аз роҳҳои маъмуле,ки М.Кабирӣ ва пайравонаш истифода карда истодаанд, худро дар либоси “мулло, мухолиф, коршинос, ғамхор, донишманд,” нишон додаву мағзшӯи дорад.Барои ин афроди мансабталабӣ ҳайфмансаб ягон арзиши инсонӣ болотар аз манфиатҳои шахсии худ қарор надошт ва надорад.Ҳар амале, ки дар ҳар либосе анҷом доданд зуд  фошгардиду шармаандаашон кард.Барои исбот метавон садҳо мисол овард. Яке аз амалҳое, ки чеҳраи аслии М.Кабириро аз сурати домулло будан берун кашид, суҳбати ӯ бо маъшуқааш буд.Зимни шунидани  сӯҳбати ин воизи иблиссифат ҳар фард метавонад хулоса намояд, ки Кабирӣ на мулло балки  як ҳайвони  инсон сурат аст.Амали дигере, ки  коршинос ва ё мухолиф набудани  ӯро исбот намуд, видео суҳбати М.Кабирӣ баъди задухӯрдҳои мусаллаҳона байни сокинони наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон буд, ки ӯ мардуми қирғизро ҷасуру далер хонда,  онҳоро барои идомаи низоъҳо талқин намудан буд.Ба мисли инҳо метавон садҳо мисол оварду хиёнатпеша ва ватанфӯруш будани Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро исбот намуд.  Бинобар ин сокинони мамлакат ва  маҳз ҷавонони саодатманди Тоҷикистони азизро   лозим аст, ки пеш аз бар ҳарфҳои М.Кабирӣ ва ҳампешагони он гӯш додан, аввал таҳлил намоянд, ки ин хиёнатпешаҳо чи кореро баҳри миллату давлат анҷом додаанд, ки даъвои мансаб мекунанд.Ҷустани кабудӣ, ғайбат, барангехтани кинаю адоват, далолат ба нооромсозӣ , барои инсонҳои бевиҷдон, харидашуда ва ба комӣ нафси худ фурӯ рафта,  кори мушкиле  нест, аммо барои оне, ки заррае  дар қалбаш меҳри Модар- Ватан-ро дорад марг аст.Барои М.Кабирӣ ва ҳампешагони он, ки ҳамеша дар паи ҷустани мусибат ва ё овардани мушкилот болои  мардум ҳастанд, чи ҳақ гуфтааст шоир:

             Ҳама айби халқ дидан, на мурувват асту мардӣ,

             Нигаҳе ба хештан  кун, ки ту ҳам гуноҳ дорӣ. 

Худойдод Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттиллооти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg