БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЭҲЁГАРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

ҶАЙҲУН. Ҷиҳати  тақвият бахшидани фаъолияти ҳунармандии бонувон, аз ҷумла ҳавасмандгардонии духтарон дар ин самт тариқи ташкили чорабиниҳои гуногуни шавқангез, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои ободонӣ, рушди корҳои хонагӣ, саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар деҳаи Айнии ыамоати деҳоти Панҷ бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон ва сокинони деҳа вохӯрию мулоқот баргузор гардид.  

Зимни мулоқот Ғафорова Насимахон қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Чуноне ки Сарвари давлат зикр кард, барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ 1 сол басанда нест.

Ҳамчунин, ҳунармандони чирадасту хушсалиқаи ноҳия аз эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ илҳоми тоза гирифта, ба эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ, аз қабили кӯлолгарӣ, ҷомадӯзӣ, кашидадӯзӣ, либосҳои миллӣ ва амсоли ин камари ҳиммат бастаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg