БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ТОЗАГӢ МАҲАЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Н.ХУСРАВ.   Бахшида ба  сазовор таҷлил  намудани   30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо  ташаббуси   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  шоҳроҳи  даромади ноҳия   бо ҷалби  аъзо  ва  ҷонибдорони  ҳизб, кормандони  ташкилоту  муассисаҳои ноҳиявӣ  Аксияи  ҳизбии «Тозагии маҳал» баргузор  гардид.

Дар чорабинии ҳизбӣ  ду тарафи роҳи  калони  даромади  ноҳия, ҷӯйборҳои   обгузар, гулгаштҳо ва зери  дарахтони    роҳ  тоза  ва  рангубор карда шуданд. Масъулини  Кумитаи  иҷроия  иштирокчиёни Аксияи  мазкурро  барои  саҳмгузориашон  дар  ободу  тоза  нигоҳ  доштани  маркази  ноҳия ва  роҳҳои  он миннатдорӣ баён карда,  қайд  намуданд, ки  мо  раванди  ободкориву  созандагиро  беш аз  пеш  густариш  бахшем, сарҷамъу  муттаҳид  бошем, камбудиву  норасогиҳои  ҷойдоштаро  бартараф  намуда, ҷашни 30 солагии  Истиқлолияти давлатамонро дар  руҳияи баланди  ватандорӣ  истиқбол  намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg