БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР МАҲАЛ ИДОМА ДОРАНД

ФАРХОР. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ноҳия оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.

Масъулин ҳангоми суҳбат бо сардорони оилаҳо иброз доштанд, ки самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва нерӯи барқ дар шароити имрӯза ба манфиати оила буда, ҳар шахс метавонад бо ин роҳ даромади соф ба даст оварад.

Инчунин, дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми босазо гузошта бошад. Ҳамзамон, ба онҳо варақаҳои тарғиботӣ оид ба мавзӯҳои болозикр тақсим карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg