БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УЗВИ ҲХДТ БУДАН ШАРАФ АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк”  вохӯрӣ баргузор намуда, оид ба натиҷаи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон аз 26 марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Кушониён, деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Заргар оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, эълони озмунҳои ҷумҳуриявӣ суханронӣ намуда, инчунин амалиёти ҳизбии “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”  гузаронида шуд.

Ҳамзамон, намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва аз як замин се ё чор ҳосил гирифтан ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

Инчунин, раиси Кумитаи иҷроия дар фарҷоми баромади худ бори дигар озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”– ро эълон намуда, мазмуну муҳтавои озмунҳоро шарҳ дод.

Дар охир ба нафароне, ки хоҳиши аъзо шуданро ба  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  намуда буданд,  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg